ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати роҳҳои мошингарди Ванҷ беш аз 2000 бех ниҳол шинонида шуд
Дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» дар шафати роҳҳои мошингарди ноҳияи Ванҷ беш аз ду ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ ва сояафкану мевадиҳанда шинонида шуд. Дар ин хусус аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иттилоъ медиҳад.
Тибқи иттилои манбаъ, раиси вилоят бо сокинону масъулони ноҳия вохӯрда, ин амали хайрро қадами устувор дар сатми беҳдошти муҳити зист ва сарсабзу хуррам намудани ноҳия, дар маҷмуъ ба «кишвари сабз» табдил додани мамлакат арзёбӣ намуд. Инчунин масъулони сохторҳои дахлдор даъват шуданд, ки раванди нигоҳубини ниҳолҳои шинонидаро зери назорати ҷиддӣ қарор диҳанд, то онҳо хуб нашъунамо ёбанд.
Бояд гуфт, ки дар мавсими ниҳолшинонии соли 2026 дар ҳудуди ноҳияи Ванҷ дар 41 гектар ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ ва сояафкану мевадиҳанда шинонида мешавад. Маъракаи ниҳолшинонӣ рӯзҳои наздик дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят низ оғоз меёбад.
Ёдовар мешавем, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 июни соли 2024 санади муҳим — «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040»-ро қабул намуд. Дар доираи амалишавии ин барнома, дар муддати 14 соли оянда дар ҳудуди Тоҷикистон беш аз 2 миллиард бех ниҳол шинонида мешавад.
Тавре аз Вазорати нақлиёти мамлакат иттилоъ доданд, дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» дар шафати роҳҳои мошингарди мамлакат беш аз 5 миллион бех ниҳол шинонида, дар канори роҳҳо «камарбанди сабз» таъсис дода мешавад.
Соли 2025 дар доираи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» дар Тоҷикистон беш аз 3 миллион бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабз, сояафкану ороишӣ ва мевадиҳанда шинонида шуд, ки 107 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Новобаста ба гармии тоқатфарсои тобистони соли 2025 аз маҷмуи умумии ниҳоли дарахтони шинонида қариб 70 фоизаш нашъунамо ва сабзиши хуб дорад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

