Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад
9 март дар қароргоҳи Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар шаҳри Вена иҷлосияи 69-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба воситаҳои нашъадор оғоз гардид, ки дар он ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Самад иштирок дорад. Дар ин хусус аз Агентии назорати маводи нашъаовар хабар доданд.
Дар иҷлосия Директори Агентии назорати маводи нашъаовар Зафар Самад оид ба ҳолати кунунии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, татбиқи «Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» ва зарурати тавсеаи ҳамкории байналмилалӣ дар ин самт сухан гуфт.
Иҷлосияи Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба воситаҳои нашъадор то 13 март идома ёфта, дар ҳошияи он чорабиниҳои канорӣ ва вохӯриҳои дуҷониба доир мегарданд.
АКС: Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

