Бунёди иншоотҳои ҷашнӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлолият дар ноҳияи Айнӣ бомаром идома

Дар ноҳияи Айнӣ дар пешоруи чашни 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои сохтмонӣ дар иншооти таъиноаташон гуногун бо маром идома дошта, аҳли заҳмат ҷиҳати шоиста таҷлил намудани ин сана, ҳамаҷониби омодагӣ мегиранд. Масъулин мегуяд дар соли равон дастовардҳо дар ҳама арсаҳҳо  назаррасанд.Ҳамкорамон Точиддин Сатторзода мавзӯъро пайгирӣ намудааст:

Имрӯзҳо дар саросари кишвар, сокинон ҷиҳати шоиста истиқбол намудани ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатии мамлакат ҳамаҷониба омодагӣ мегиранд.  Дар ноҳияи Айнӣ низ дар остонаи ин ҷашнвора як қатор корҳои ободонӣ ба иҷро расонида шуда, аҳли ҷамоатчигӣ дастоварди худро дар тамоми самтҳои хоҷагии халқи ноҳия назаррас намудаанд. Ба маълумоти Суҳроб Раҳматзода – муовини аввали раиси ноҳияи мазкур, тибқи нақшаи мақомоти маҳал дар   тамоми ҳудуди ноҳия баргузории як қатор чорабиниҳои оммавӣ фарҳангӣ ва варзиши ба нақша гирифта шудааст.

Бо мақсади ноил гардидан ба ҳадафи чоруми миллӣ” “Саноатикунонии бо суръати кишвар” ва дар доираи  “солҳои 2022- 2026- Солҳои рушди саноат дар ҶТ ”дар ноҳияи Айнӣ тайи 7-моҳи соли ҷорӣ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 1милярду 964 миллион сомонӣ расонида шудааст, ки нисбати соли гузашта 611-миллион сомонӣ зиёд буда, ба 145,1 фоиз баробар шудааст. Муовини аввали раиси ноҳияи Айнӣ Суҳроб Раҳматзода – рушди саноат дар ноҳияи мазкурро аз барокати истиқлоли давлатӣ арзёби кард.

Ба малумоти масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ, бо шарофати истиқлоли давлати тӯли 31 сол дар ноҳияи мазкур даҳҳо корхонаҳои азими саноатӣ бунёд гардидаанд, ки дар баробари таъмини ҷойҳои корӣ ба аҳолӣ, боло бардоштани сатҳи иҷтимоии мардум ба ғановатмандии буҷаи маҳал замина фароҳам овардаанд.Ба гуфтаи Суҳроб Раҳматзода муовини раиси ноҳияи мазкур давоми ҳафт моҳ ба ҷойи 187 миллиону 170 ҳазор сомонӣ ба буҷет 207 миллиону 492 ҳазор сомонӣ ворид гардидааст, ки ба 101 фоизи нақша баробар гардидааст.

Имрӯзҳо дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии ЧТ  корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнии ноҳияи Айнӣ бо маром идома дошта, дар остонаи ҷашни 31-солагии истиқлоли мамлакат чанде аз он мавриди истифодаи умум қарордода мешаванд. Ба маълумоти мақомоти иҷроияи маҳал, аз ҷамъи тарҳои сохташаванда бештарро муассисахои тибию таълимӣ фарҳангу варзиш ва хизматрасонӣ ташкил дода имрӯзҳо раванди корҳои сохтмонӣ тибқи нақша  бо маром идома дорад.

Тоҷиддин Сатторзода

Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE