Ярмарка-фурӯши маҳсулот тавақуфгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино

Давоми 3 рӯз мешавад, дар чор минтақаи шаҳри Душанбе аз ҷумла дар тавақуфгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино ярмарка – фурӯши маҳсулот идома дорад.
Дар ярмарка фурӯши маҳсулот бештар маҳсулоти гўшт, сабзавот, тухм, гўшти мурғ, мевагиву полизиҳо ва дигар маҳсулоти ниёзи аввал дастраси сокинону меҳмонон гардидаистодааст.
Ин иқдом бо қарори Раиси шаҳри Душанбе бахшида ба моҳи шарифи Рамазон ва ҷашни байналмилалии Наврӯз ташкил гардида то 20 март идома меёбад.

Нархгузории маҳсулот дар тавақуфгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино

Орд – аз 190 то 220 сомонӣ
Гӯшти гов ва гусфанд – 65 сомонӣ
Равған аз 75 то 80 сомонӣ
Биринҷ аз 11 то 15
Пиёз – 1 сомониву 50 дирам
Картошка- 4 сомониву 50 дирам
Сабзӣ – 2 сомонӣ
Макарон- 7 сомонӣ
Нахут- 16 сомонӣ
Мош-18 сомонӣ

Маконҳои баргузории ярмаркаҳо:
🔹 Бозори “Меҳрогон”
🔹 Боғи “Куруши Кабир”
🔹 КВД “Бозори Саховат”
🔹 Тавақуфгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино

Султонализода Ёқубҷон
Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE