Бозтоби мусоҳибаи Рустами Эмомалӣ бо хабаргузории «Синхуа» дар ВАО-и Чин
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ чанде пеш бахшида ба 30-юмин солгарди барқарории равобити дипломатӣ миёни Чин ва Тоҷикистон бо хабаргузории «Синхуа» мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом доданд. Мусоҳиба дар воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Мардумии Чин инъикоси васеъ пайдо намуд.
Дар рӯзи барқарории равобити дипломатӣ, 4 январ, хабаргузории «Синхуа», сомонаҳои Телевизиони давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин (CCTV), рӯзномаи «Global Times» ва ғайра матни аслии мусоҳибаи Рустами Эмомалиро нашр намуданд. Аз ҷумла, «The Global Times» — рӯзномаи таблоидии чинӣ, ки таҳти сарпарастии рӯзномаи «Жэнмин Жибао» нашр шуда, ба масоили байналмиллалӣ таваҷҷуҳ зоҳир мекунад, пораеро аз мусоҳиба бо Рустами Эмомалӣ таҳти унвони «Мо аввалин кишваре дар ҷаҳон ҳастем, ки бо Чин шартнома ба имзо расонидаем» нашр намудааст. Он таваҷҷуҳи бисёр корбарони интернетии чиниро ба худ ҷалб карда, тақрибан 1 миллион тамошобин пайдо кардааст».
Ҳамзамон, мусоҳибаи ихтисосӣ дар ахбори «Sina.com», «Новая волна», «163.com», «Ванъи», «Зарубежная сет» рағбати афзун ба миён оварда, дар даҳҳо воситаҳои ахбори оммаи бонуфузи Чин бознашр гардид.