Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд

Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал, аз ҷумла 1 тилло, 1 нуқра, 4 биринҷӣ, инчунин 4 дипломи махсус гардиданд. Дар ин хусус аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ин муваффақиятҳо натиҷаи заҳмати пайваста, омодагии ҷиддӣ ва истеъдоди баланди иштирокчиёни тоҷик буда, обрӯ ва нуфузи фарҳангии Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ боз ҳам боло мебардоранд.

Бозиҳои Делфӣ ҳамчун минбари муҳими байналмилалӣ барои дастгирии ҷавонони боистеъдод, густариши ҳамкории фарҳангӣ ва таҳкими дӯстии байни миллатҳо нақши муҳим мебозанд.

Бояд гуфт, ки Тоҷикистон ҳанӯз аз аввалин Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай иштироки фаъол дошта, анъанаи ҳунариро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд. Иштироки имсолаи ҳайати ҷумҳурӣ идомаи мантиқии ин роҳ буда, таваҷҷуҳи махсусро ба рушди истеъдодҳои ҷавон ва таҳкими равобити фарҳангӣ нишон медиҳад.

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE