Ташаббуси минтақавии Германия-«Осиёи Марказии сабз» баррасӣ гардид
20 май вохӯрии муовини Вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода бо Вазири давлатии Вазорати федералии корҳои хориҷии Германия Нилс Аннен дар шакли видеоконфронс баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои мубрами рушди ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла нақшаи муштараки амали ташаббуси минтақавии Германия- «Осиёи Марказии сабз» ва дигар мавзӯъҳои қобили таваҷҷуҳи тарафайнро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамсуҳбатон ҳавасмандии худро барои тавсеа ва таҳкими муносибатҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ иброз намуданд.