Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Кишоварзони шаҳри Панҷакент тасмим гирифтаанд, ки дар мавсими соли равон дар 2500 гектар кишти картошкаи барвақтиро анҷом диҳанд, иттилоъ медиҳад Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент.
Ҳоло хоҷагиҳои кишоварзии шаҳр дар беш аз 591 гектар картошкаи барвақтӣ кишт кардаанд. Аз ҷумла, аъзои хоҷагии деҳқонии «Раҳим паҳлавон»-и деҳоти Сӯҷинаи шаҳри Панҷакент, ки дар рӯёнидани ҳосили фаровони пиёзу дигар намуди сабзавот собиқаи зиёд доранд, имсол дар 4 гектар картошка кишт менамоянд. То ин муддат дар беш аз 2,5 гектар картошка шинонида шуда, кишти он бо истифода аз вазъи обу ҳаво вусъат дода мешавад.
Кишти картошка ҳоло дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва инфиродии ҳама ҷамоатҳои деҳоти шаҳр, ки заминҳояшон дар ҳамворӣ воқеъ аст, аз ҷумла, дар хоҷагиҳои деҳқонии деҳоти Сӯҷина ва Халифа Ҳасан бо вусъат идома дорад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

