Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад

Дар раванди корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад, иттилоъ медиҳад Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон — сарпарасти лоиҳа аз таъсисдиҳандагони Боғи интенсивӣ мебошанд.

Бо ин мақсад бо иштироки роҳбарияти идораю муассисаҳо ва

сокинони ноҳия барои бунёди Боғи интенсивӣ ҳашари дастҷамъона баргузор гардид.

Зимни муаррифии лоиҳаи Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» гуфта шуд, ки майдони умумии боғи буёдшаванда 2,5 гектарро ташкил дода, аз он 2,0 гектарро дарахтони себ, 0,5 гектарро нок ва 0,5 гектарро қитъаи навъсанҷӣ ташкил медиҳанд. Дар умум 7000 бех ниҳоли дарахтону себу нок, ки ба иқлими ин минтақа хос аст, бо риояи қоидаҳои агротехникӣ шинонида мешавад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE