Аз 10 июл дар Душанбе басти сеюми истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасони пойтахт оғоз гардид

Аз 10 июл дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрии «Гулхан»-и ноҳияи Сино, «Орзу»-и ноҳияи Фирдавсӣ, «Зимчуруд»-и ноҳияи Шоҳмансур ва «Шарора»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо фарогирии 948 нафар, дар 36 адад майдончаҳои солимгардонии назди муассисаҳои таълимӣ 1440 нафар ва бо фарогирии 100 нафар кӯдакону наврасони аъзои маҳфилҳои Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе оғоз гардид. Дар ин хусус сардори Раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода хабар медиҳад.

Бояд гуфт, ки дар маҷмуъ дар 4 баст тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе дар соли 2023» 10 352 нафар-4192 нафар дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ ва 6160 нафар дар майдончаҳои солимгардонии назди муассисаҳои таълимӣ аз 12 июн то 16 августи соли 2023 бо давомнокии 11 рӯз ройгон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд.

АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE