🇹🇯 МУНТАХАБИ НАВРАСОНИ ТОҶИКИСТОН (U-16) ДАР ТОШКАНД ҒОЛИБИ ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2026 ГАРДИД!
Дастаи то 16-солаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии Ҷаъфар Ахмедов дар чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), ки дар Тошканд имрӯз ба анҷом расид, ғолиб омад.
🔺 Дар даври ниҳоии мусобиқа дастаи наврасони мо бо ҳамтоёни худ аз Ӯзбекистон мусовӣ – 0:0 карданд. Қаблан мунтахаби наврасони Тоҷикистон тимҳои Туркманистон (5:1), Қирғизистон (4:0) ва Афғонистон (3:2)-ро мағлуб карда буд.
🔹 Ҳамин тариқ, наврасони то 16-солаи Тоҷикистон бо касби 10 имтиёз зинаи аввалро ишғол карда, ғолиби Чемпионати CAFA-2026 шуд. Медалҳои нуқраро тими Ӯзбекистон (8 имтиёз) ва нишонҳои биринҷиро Қирғизистон (6 имтиёз) соҳиб шуд.
🏆 Ин бори панҷум аст, ки дастаи наврасони Тоҷикистон дар чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ ғолиб меояд. Наврасони мо қаблан дар солҳои 2019, 2022, 2023 ва 2025 дар мусобиқаи CAFA ғолиб омада буд.
⚽️ ⚽️ ⚽️
🇹🇯 ЮНОШЕСКАЯ СБОРНАЯ ТАДЖИКИСТАНА (U-16) СТАЛА ПОБЕДИТЕЛЕМ ЧЕМПИОНАТА CAFA-2026 В ТАШКЕНТЕ!
✅ Юношеская сборная Таджикистана (U-16) под руководством Джаъфара Ахмедова стала победителем чемпионата Центрально-Азиатской футбольной ассоциации (CAFA), который завершился в Ташкенте.
🔺 В заключительном туре турнира наши юноши сыграли вничью со сверстниками из Узбекистана – 0:0. Ранее сборная Таджикистана одержала три победы, обыграв команды Туркменистана (5:1), Кыргызстана (4:0) и Афганистана (3:2).
🔹 Таким образом, набрав 10 очков, юношеская сборная Таджикистана уверенно заняла первое место и стала победителем чемпионата CAFA-2026. Серебряные медали достались сборной Узбекистана (8 очков), бронзовые – команде Кыргызстана (6 очков).
🏆 В своей истории юношеская сборная Таджикистана в пятый раз выигрывает чемпионат Центрально-Азиатской футбольной ассоциации. Ранее наши юноши становились победителем турнира под эгидой CAFA в 2019, 2022, 2023 и 2025 годах.

