ИМРӮЗ МУНТАХАБИ НАВРАСОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2023 БО ТИМИ ӮЗБЕКИСТОН БОЗӢ МЕКУНАД

Имрӯз, 25-уми август дар Ҳисор бозиҳои даври чоруми мусобиқоти қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ байни дастаҳои наврасони то 17-сола баргузор мешаванд.

Дастаи наврасони Тоҷикистон бо мунтахаби Ӯзбекистон бозӣ мекунад. Вохӯрӣ соати 21:00 оғоз мешавад. Дар рақобати дигар дастаҳои Эрон ва Қирғизистон ба ҳам меоянд. Бозӣ соати 18:00 оғоз мешавад.

Даромад ба Варзишгоҳи марказии Ҳисор ройгон аст! Ҳамаи мухлисонро ба тамошои футбол даъват мекунем!

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE