Дар шаҳри Бӯстон нақшаи даъвати баҳорӣ иҷро гардид
Дар шаҳри Бӯстон нақшаи даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гардид. Дар ин хусус аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон итилоъ доданд.
Гуфта шуд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҳар ҷавон қарзи шаҳрвандӣ ва ифтихори миллӣ буда, дар тарбияи насли наврас ва ҳифзи амнияти давлат нақши муҳим мебозад.
Иттилоъ дода шуд, ки ҷавононе, ки ба таври ихтиёрӣ барои адои хизмати ҳарбӣ ба Комиссариати ҳарбии шаҳр ҳозир шуданд, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон ба даврҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши ронандагӣ фаро гирифта шуда, соҳиби шаҳодатнома гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли соли 2026 дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» аз 1 апрели соли равон дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ оғоз гардидааст.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлвтии шаҳри Бӯстон

