Дар нимсолаи аввали соли 2026 олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон беш аз 1320 кори илмиро ба нашр расониданд. Ин нуктаро масъулини Академия зимни нишасти матбуотӣ баён намуданд.
Тибқи иттилоъ, аз шумораи умумии корҳои илмии нашршуда 43 монография, 68 китоб, маҷмӯаи илмӣ, брошюра, тавсиянома, атлас ва каталог, инчунин зиёда аз 1200 мақолаи илмӣ ба табъ расидааст. Аз ин шумора беш аз 800 мақола дар маҷаллаҳои илмии ҷумҳурӣ ва зиёда аз 470 мақола дар маҷаллаҳои тақризшавандаи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр гардидаанд.
Ба гуфтаи масъулин, афзоиши ҳаҷми корҳои илмии нашршуда аз рушди фаъолияти илмию таҳқиқотӣ ва саҳми олимони кишвар дар пешбурди илм ва татбиқи натиҷаҳои таҳқиқот дар соҳаҳои гуногун шаҳодат медиҳад.
Нигинаи Давронзод
Садои Душанбе

