889,4 ҳазор сайёҳи хориҷӣ дар шаш моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон сафар карданд
Дар нимсолаи якуми соли 2026 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 889,4 ҳазор сайёҳи хориҷӣ ворид гардидааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16,7 фоиз зиёд мебошад. Дар ин бора зимни нишасти матбуотии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.
Зикр гардид, ки барои хизматрасонӣ ба сайёҳон дар ҷумҳурӣ 216 меҳмонхона, 53 ҳостелу мотел ва даҳҳо осоишгоҳу марказҳои истироҳатӣ фаъолият намуда, 191 ширкати сайёҳӣ ба қайд гирифта шудааст. Ҳамчунин, тавассути хатти доимамалкунандаи кумак ба сайёҳон дар зиёда аз 390 ҳолат ба шаҳрвандони хориҷӣ ёрии фаврӣ расонида шудааст.
Ба гуфтаи раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумахонзода Ҷамшед Ҷурахон, ҷиҳати муаррифии имкониятҳои сайёҳии кишвар иштирок дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ, ҷалби блогерону намояндагони ширкатҳои сайёҳии хориҷӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ идома дорад.
Норинисо Абдуллоева
Садои Душанбе

