Таъсиси Шурои диссертатсионӣ ва воридшавӣ ба раддабандиҳои ҷаҳонӣ аз дастовардҳои муҳими ДМТ

Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Эмомалӣ Насриддинзода иттилоъ дод, ки таъсиси Шурои диссертатсионӣ аз рӯйи ихтисосҳои рӯзноманигорӣ ва адабиётшиносӣ яке аз дастовардҳои муҳими донишгоҳ дар нимсолаи аввали соли 2026 ба шумор меравад.

Зикр гардид, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба чанд раддабандии бонуфузи ҷаҳонӣ, аз ҷумла “QS”, “Times Higher Education”ва “UI GreenMetric”ворид шуда, миёни донишгоҳҳои маъруфи ҷаҳон мақоми арзанда касб намудааст. Аз ҷумла, донишгоҳ дар раддабандии “Times Higher Education”миёни 1646 донишгоҳи бонуфуз аз 116 кишвари ҷаҳон ҷойгоҳи намоёнро соҳиб гардид.
Дилбар Исматова
Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE