Имрӯз дар Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе…

Имрӯз дар Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе даври сеюми — шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба кори худ оғоз намуд.

Дар озмун ғолибони даврҳои ноҳиявӣ аз рӯйи чор номинатсия — адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик ва адабиёти ҷаҳон байни ҳам рақобат менамоянд.

Зикр гардид, ки озмун бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, рушди маънавиёт ва тарғиби мутолиаи китоб миёни наврасону ҷавонон баргузор шуда, ғолибони даври шаҳрӣ ба марҳилаи ҷумҳуриявӣ роҳхат мегиранд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE