«Тоҷиктелеком» ба яке аз бузургтарин нуқтаҳои мубодилаи интернети ҷаҳон пайваст шуд
«Тоҷиктелеком» ба яке аз бузургтарин нуқтаҳои мубодилаи интернети ҷаҳон пайваст шуд
ҶСК «Тоҷиктелеком» ба платформаи бузурги ҷаҳонии мубодилаи трафики интернет DE-CIX, воқеъ дар шаҳри Франкфурти Олмон, пайваст шуд.
Тибқи иттилои ширкат, ин лоиҳа бо ҳамкории шарикони байналмилалӣ ва истифода аз инфрасохтори транзитӣ амалӣ гардидааст. Дар натиҷа, масирҳои байналмилалии интернетии DE-CIX тавассути «Тоҷиктелеком» ба операторон ва провайдерҳои Тоҷикистон, ки иштирокчиёни нуқтаи миллии мубодилаи трафики TJ-IX мебошанд, дастрас мешаванд.
Пайвастшавӣ ба DE-CIX имкон медиҳад, ки дастрасӣ ба платформаҳо ва хизматрасониҳои ҷаҳонӣ беҳтар шуда, интернет то марказҳои иттилоотии Аврупо бо таъхири камтар интиқол меёбад. Ин ба баланд шудани суръат ва устувории пайвастшавӣ мусоидат мекунад.
Ҳамзамон, барои гузариши трафики интернетӣ масири иловагӣ ба вуҷуд меояд, ки дар сурати рух додани мушкилот дар шабакаҳои байналмилалӣ метавонад ҳамчун роҳи эҳтиётӣ истифода шавад.
Ба гуфтаи мутахассисон, лоиҳа барои рушди иқтисоди рақамӣ ва хизматрасониҳои онлайн дар Тоҷикистон низ аҳамияти муҳим дорад. Бонкҳо, системаҳои давлатии иттилоотӣ, марказҳои коркарди маълумот ва дигар хизматрасониҳои рақамӣ метавонанд бо платформаҳои байналмилалӣ устувортар ва босуръаттар кор кунанд.
Барои истифодабарандагони одии интернет низ ин пайвастшавӣ метавонад ба беҳтар шудани сифати видеоконфронсҳо, таҳсилоти фосилавӣ, хизматрасониҳои онлайн, платформаҳои пахши видео ва дигар хизматрасониҳои интернетӣ мусоидат намояд.
Пайвастшавии «Тоҷиктелеком» ба DE-CIX ҳамчунин ба гуногунсозии роҳҳои байналмилалии интернетии Тоҷикистон ва таҳкими иинфрасохтори рақамии кишвар мусоидат мекунад.

