ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ФАЛСАФАИ НАҚШУ НИГОРИ ТОҶИКОН» БАРГУЗОР ГАРДИД…
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ФАЛСАФАИ НАҚШУ НИГОРИ ТОҶИКОН» БАРГУЗОР ГАРДИД
Имрӯз дар меҳмонхонаи «Ҳаят Реҷенси»-и шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии «Фалсафаи нақшу нигори тоҷикон» баргузор гардид.
Дар доираи форум мизи мудаввар таҳти унвони «Мероси фарҳангии тоҷикон: анъанаҳои ниёгон барои наслҳои оянда» доир шуда, дар он намояндагони доираҳои илмӣ ва фарҳангӣ, аҳли ҳунар, санъатшиносон, ҳунармандони мардумӣ, тарроҳон ва коршиносони хориҷӣ иштирок намуданд.
Мизи мудавварро Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ифтитоҳ намуда, зимни суханронӣ ба аҳамияти ҳифз, омӯзиш ва тарғиби мероси ғании фарҳангии халқи тоҷик таъкид кард.
Зикр гардид, ки нақшу нигори миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва санъати анъанавӣ дар ҳифзи хотираи таърихӣ ва ҳувияти фарҳангии миллат нақши муҳим дошта, омӯзишу интиқоли ин арзишҳо ба наслҳои оянда вазифаи муҳими ҷомеа мебошад.
Дар идомаи ҳамоиш масъалаҳои ҳифз ва муаррифии нақшу нигори миллӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, санъати ороишию амалӣ ва истифодаи унсурҳои миллӣ дар тарроҳӣ ва саноати муосири мӯд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамчунин, дар доираи форум баргузории намоишгоҳи нақшу нигори миллӣ ва намунаҳои санъати ороишию амалӣ, ба имзо расонидани созишномаҳои ҳамкорӣ ва намоиши маҷмуаҳои либосҳои Хонаи мӯди Хуршед Сатторов пешбинӣ шудааст.
Ҳадафи форум ҳифзу эҳёи арзишҳои миллӣ, муаррифии фарҳанги пурғановати тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ ва тақвияти ҳамкории фарҳангӣ мебошад.

