Паёми табрикотии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ…

Паёми табрикотии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи тиб

Ҳамватанони азиз,
Муҳтарам табибон ва кормандони соҳаи тиб!
Ҳамаи Шуморо ба муносибати Рӯзи касбии кормандони тиб, ки барои ҷомеаи Тоҷикистон руйдоди муҳим ва фараҳбахш маҳсуб меёбад, самимона муборакбод мегӯям.
Бо сиёсати дурбинона ва таваҷҷуҳу дастгирии пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи тандурустии кишвар ба марҳилаи нави рушд ворид гардида, заминаҳои устувори рушди тибби муосири тоҷик, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва омода намудани мутахассисони соҳибтаҷриба фароҳам оварда шуданд.
Фаъолияти босамару шоистаи кормандони соҳаи тиби мамлакат ба донишу таҷрибаи ғанӣ, масъулияти баланди шаҳрвандӣ, одобу ахлоқи ҳамидаи касбӣ ва садоқат ба халқу миллат асос ёфта, дар таҳкими саломатии аҳолӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ нақши муассир дорад.

Иди касбӣ муборак бошад!

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE