20 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон…
20 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳо дар мавзеъҳои сохтмони Неругоҳи Роғун шинос шуданд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки иҷрои корҳои ҳаҷман бузурги сохтмонӣ дар шароити мураккаби зеризаминӣ натиҷаи истифодаи таҷрибаи пешрафта, технологияи муосир ва заҳмати мутахассисони ватанӣ буда, зарур аст, ки барои боз ҳам бо сифат ва саривақт иҷро намудани корҳои бунёдӣ талоши бештар варзида шавад.
Ёдовар мешавем, ки зимни сафари корӣ дар Неругоҳи Роғун, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, дигар масъулини ҳукуматӣ ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ҳамроҳӣ намуданд.

