20 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон…
20 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Роғун бинои нави нозироти андози шаҳрро ифтитоҳ намуданд.
Бинои нави нозироти андоз аз 10 ҳуҷраи корӣ, компютерӣ, машваратӣ, толори калони маҷлис бо 80 ҷойи нишаст, маркази хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, инчунин китобхона, бойгонӣ, ҳуҷраҳои таҷҳизоти зиддисухтор ва техникӣ иборат аст.
Тавре аён гардид, дар бинои нозироти андоз барои беҳсозии фаъолияти кормандон ва ворид кардани технологияҳои рақамӣ шароити корӣ фароҳам гардидааст.

