26 август сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон…

26 август сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз ноҳияи Ёвон оғоз гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ёвон нахуст Майдони Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ ва муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомониро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Ин маҷмааи муҳташами меъморӣ, ки бозгӯй аз таъриху тамаддун, давлатдории миллӣ ва дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад, дар кӯчаи Мирзо Турсунзодаи шаҳраки Ёвон бунёд гардидааст.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE