26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон…
26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тариқи фосилавӣ бинои маъмурии Нозироти андози шаҳри Левакантро ифтитоҳ намуданд.
Дар бино шуъбаи ташкили андозбандии шахсони воқеӣ, бахши бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, бахши баҳисобгирӣ ва хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, гурӯҳи ташкил ва назорати иҷрои уҳдадориҳои андозии соҳибкорони инфиродӣ ҷой дода шудааст.
Бинои иловагии таълимӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 дар деҳаи Зағертути деҳоти Ваҳдати шаҳри Левакант бо ҳадафи фароҳамсозии шароити муносиби таълим ва зиёд намудани имкониятҳои қабули хонандагон бунёд гардидааст.Бино барои дар ду баст ба таҳсил фаро гирифтани 400 хонанда пешбинӣ шудааст.

