26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон…
26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 3 корхонаи нави саноатӣ – корхонаи истеҳсоли равғани зағири Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Грин голд, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Саноати бомпӯшҳои Данғара ва корхонаи истеҳсоли хишт ва пеноблоки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сангвор саноатро ба истифода доданд.
Дар ин 3 корхонаи нави саноатӣ 45 ҷойи нави корӣ таъсис ёфт ва истеҳсоли равғани зағир, бомпӯшҳо ва хишт ба роҳ монда шуд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаккули фаъолияти намояндагони бахши хусусӣ, зиёдшавии тавлиди маҳсулоти саноатӣ, таъсиси корхонаҳои нав, насби технологияи муосир ва дар ҳамин замина рушди фаъолияти соҳибкориро ҷиҳати васеъшавии имкониятҳо барои қонеъ гардонидани талаботи бозор, фарогирии шаҳрвандон ба ҷойи кор ва беҳшавии зиндагии мардуми кишвар муҳим арзёбӣ карданд.

