26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон…

26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара бинои нави Нозироти андози ноҳияро мавриди истифода қарор доданд.

Дар бинои мазкур барои фаъолияти самараноки кормандон шароити зарурии корӣ муҳайё карда шудааст. Дар бинои нав 35 ҳуҷраи корӣ, ҳуҷраҳои компютерӣ ва машваратӣ, толори калони маҷлис бо 100 ҷойи нишаст, маркази хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, бойгонӣ ва ҳуҷраҳои техникӣ ҷойгир шудаанд. Таъкид гардид, ки ҳангоми тарҳрезӣ ва бунёди иншоот ба фароҳам овардани муҳити муносиб барои фаъолияти кормандон, истифодаи технологияҳои муосир ва рақамикунонии равандҳои хизматрасонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шудааст.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE