Ба Раиси Парламенти Ҷумҳурии Молдова Гросу И.И.

Ба Раиси Парламенти Ҷумҳурии Молдова Гросу И.И.

Муҳтарам Игор Иванович,
Шуморо ба муносибати ҷашни миллӣ – Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Молдова табрик менамоям.
Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои дӯстонаро бо Ҷумҳурии Молдова баланд арзёби намуда, ҷонибдори рушди пайвастаи ҳамкориҳои дуҷониба мебошад.
Эътимод дорам, ки рушди минбаъдаи робитаҳои байнипарламентӣ ба тавсеа ва таҳкими ҳамкориҳои ҳамаҷониба миёни давлатҳои мо мусоидат хоҳад кард.
Ба Шумо, муҳтарам Игор Иванович, саломатии қавӣ, хушбахтӣ ва дар фаъолияти пурмасъули давлатиатон муваффақиятҳои
нав орзу намуда, ба мардуми Молдова сулҳ, шукуфоӣ ва некӯаҳволӣтаманно дорам.
Бо эҳтиром,
Рустам Эмомалӣ

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE