26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон…
26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар деҳаи Сафедоби ноҳияи Данғара муассисаи таҳсилоти томактабии Орзуро мавриди истифода қарор доданд.
Иншооти навсохт дар деҳаи Сафедоб ягона муассисаи томактабӣ ба шумор меравад, ки бо ҳадафи амалӣ сохтани дастурҳои Роҳбари давлат ҷиҳати ба таълиму тарбияи томактабӣ фаро гирифтани насли наврас бунёд шуда, барои 300 кӯдак пешбинӣ гардидааст .
Бинои хуштарҳу замонавӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ аз ҷониби оилаи Рауфзодаҳо бо истифодаи масолеҳи босифати сохтмонӣ сохта шуда, дорои 9 синфхонаи барҳавои таълимӣ, хобгоҳ, толори мусиқӣ, ошхона, нуқтаҳои хизматрасонии тиббӣ ва ёрирасон мебошад.

