Леонел Месси боз соҳиби ҷоиза шуд
Капитан ва ҳамлагари дастаи «Барселона» Лионел Месси унвони беҳтарин бозингари моҳи февралро дар Мусобиқаи қаҳрамонии Испания оид ба футбол ба даст овард. Дар 5 бозии моҳи феврал футболбози аргентинӣ 7 гол зада, 2 партофти головар анҷом додааст. Ба ғайр аз Месси инчунин Тибо Куртуа аз «Реал», Александер Исак аз «Реал Сосйедад», Ёсин Буну аз «Севиля», Алехандро Беренгер аз «Атлетик», Набил Фекир аз «Реал Бетис» ва Хосе Луис Моралес аз «Леванте» барои соҳиб шудани ҷоиза мубориза мебурданд. Дар ҳоли ҳозир капитани 33-солаи дастаи «Барселона» бо 19 гол садрнишини ҷадвали нишонзанҳои Ла Лига мебошад.
Мавриди зикр аст, ки Месси дар Ла Лига 508 маротиба вориди майдон шуда, ба задани 463 гол ва 202 паси головар даст ёфтааст.
Зоириён Бахтиёр
САДОИ ДУШАНБЕ