Ҷароҳати Диас мушкилоти «Реал»-ро пеш аз бозӣ бо «Атлетико» бештар кард

Қабл аз бозӣ бо дастаи «Атлетико» Мадрид ҳамлагари дастаи “Реал” Мариано Диас ҷароҳат бардоштааст. Дар ин бора Хадамоти матбуоти дастаи шоҳона ба расонаҳои хабарӣ иттилоъ додааст. Ба маълумоти манбаъ футболбози 27-сола дар рафти тамринҳои бошгоҳ осеб дидааст. Ҳоло муҳлати барқароршавии саломатии футболбоз мушаххас нашудааст. Ҷароҳат бардоштани Диас қабл аз дербии дастаҳои мадридӣ дар ҳолест, ки ҳамлагари дигари тими шоҳона Карим Бензема ҳанӯз пурра аз ҷароҳат набаромадааст. Агарчӣ дар хусуси ба тамринҳои инфиродӣ баргаштани Бензема хабар дода мешавад, аммо дар гумон аст, ки ӯ то вақти бозӣ бо дастаи «Атлетико», ки рӯзи 7-уми март доир мегардад, ҳолати хуби варзишиашро барқарор карда, ба ҳамдастаҳояш дар ин бозии муҳими мавсим кумак кунад.

Зоириён Бахтиёр

САДОИ ДУШАНБЕ

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE