11 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон…
11 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 15 иншоотро ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Сангвор, Лахш ва Тоҷикобод ба истифода дода, бо лоиҳаи роҳи мошингарди Лабиҷар – Сангвор шинос шуданд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалишавии ҳадафҳои Ҳукумати кишвар, татбиқи нақшаи чорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, саҳмгузории соҳибкорону сокинони маҳаллиро дар корҳои ободонӣ ва мавриди истифода қарор гирифтани иншооти таъйиноти гуногунро барои ба талаботи замони муосир мутобиқ шудани шароити хизматрасонӣ, фарогирии мардум ба ҷойи кор ва васеъшавии имкониятҳои истеҳсолӣ дар гурӯҳи ноҳияҳои водии Рашт муҳим арзёбӣ карданд. Раисони ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Сангвор, Лахш ва Тоҷикобод барои истифодаи пурраи имкониятҳои мавҷуда, таҳким бахшидани созандагиҳо ва ҷамъоварии саривақтии ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ вазифадор шуданд.
#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Рашт #Rasht
President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

