30 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон…
30 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Тамдид дар шаҳри Душанберо мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Дар корхона дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикӣ, деворҳои шишагии калонҳаҷм, системаҳои фасадӣ, дарҳои даромадгоҳӣ ва дигар намуди маҳсулоти сохтмонӣ истеҳсол мешавад. Ҳамчунин, маҳсулот мутобиқи андоза ва талаботи фармоишгар омода гардида, васлу насби он низ аз ҷониби мутахассисони корхона анҷом дода мешавад.
#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики
President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

