Ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон…

Ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Нерӯгоҳи барқи обии Роғун» бо ибтикори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти унвони «35 соли Истиқлол: 35 соли шукуфоӣ бо НБО Роғун»боздид ва чорабинии маърифатию иттилоотӣ баргузор гардид.

Дар доираи ин иқдом иштирокчиён аз иншооти асосии НБО «Роғун» боздид намуда, бо раванди корҳои сохтмонӣ, имкониятҳои истеҳсолии неругоҳ ва саҳми он дар рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат шинос шуданд.

Зимни боздид таъкид гардид, ки НБО «Роғун» яке аз лоиҳаҳои бузурги стратегӣ ва дорои аҳамияти минтақавӣ буда, татбиқи он ба таҳкими истиқлоли энергетикии Тоҷикистон, рушди соҳаи саноат ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат менамояд.

Иштирокчиён иброз доштанд, ки дастовардҳои Тоҷикистон дар даврони истиқлол, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳои бузурги энергетикӣ, натиҷаи сиёсати созанда ва дурбинонаи роҳбарияти давлат, меҳнати содиқонаи шаҳрвандон ва заҳмати бунёдкоронаи мутахассисону сохтмончиён мебошад.

Ҳамзамон зикр шуд, ки НБО «Роғун» ҳамчун рамзи созандагӣ, неруи миллӣ ва иродаи мардуми Тоҷикистон дар даврони истиқлол мавқеи махсус дошта, ба яке аз муҳимтарин иншооти стратегии кишвар табдил ёфтааст.

Дар идомаи чорабинӣ иштирокчиён аз нақши истиқлоли давлатӣ дар таҳкими давлатдорӣ, рушди иқтисоди миллӣ ва татбиқи ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар заминаи дастовардҳои созандагӣ ва ободкорӣ баргузор мегардад.

Чорабинии «35 соли Истиқлол: 35 соли шукуфоӣ бо НБО Роғун»дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ба дастовардҳои даврони истиқлол баргузор гардида, иштирокчиён онро қадами муҳим дар муаррифии дастовардҳои энергетикии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE