#ДОНИСТАН ХУБ АСТ!

#ДОНИСТАН ХУБ АСТ! «Ҳафткӯл» «Ҳафткӯл»–и Тоҷикистон бо ҳафт кӯли рангорангаш сайёҳонро ҳайрон мекунад. Водии «Ҳафткӯл» маҷмуи кӯлҳое аст, ки ба ёдгориҳои беназири табиати Тоҷикистон дохил буда, яке аз дигаре болотар ҷойгир шуда, аз ҳамдигар зеботаранд. Дар атрофи кӯлҳои водии «Ҳафткӯл» барои сайёҳон бошишгоҳҳо бунёд карда шудаанд, ки ба рушди соҳаи сайёҳӣ мусоидат менамоянд. Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ то ба ин мавзеъ роҳи мошингард бунёд карда шудааст. Дар бисёр маврид сайёҳон бо нақлиёти сабукрав то «Ҳафткӯл» омада, аз ҳамин ҷо имкон доранд ба дигар хатсайрҳои сайёҳӣ, аз ҷумла тавассути ағбаи Товасанг ба «Кӯли калон», «Искандаркӯл» ва дигар самтҳо сафар намоянд. Ҳамарӯза даҳҳо нафар сайёҳон аз тамошои манзараҳои афсонавии он лаззат бурда, аз ҳавои тозааш нафас мекашанд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE