Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»…

Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» баргузор гардид.

Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба раванди баргузории Озмун, омодагӣ ба марҳилаҳои минбаъда ва ташкили дурусти корҳои вобаста ба он мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Зимни ҷаласа таъкид гардид, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, тақвияти ҳисси худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги пурғановати миллати тоҷик ва тарғиби осори Пешвои миллат баргузор мегардад.

Аъзои комиссия масъалаҳои вобаста ба ҷараёни омодагӣ ва баргузории Озмунро баррасӣ намуда, барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани он пешниҳодҳои мушаххас манзур карданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE