Рӯдакӣ: таъмини беморон бо доруворӣ дар беморхонаҳои ноҳия то андозае иҷро гардидааст

Бо иқдоми Ҳукумати кишвар имрӯз заминаи моддию техникии беморхонаҳои ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ бо таҷҳизоти пешрафтаи соҳавӣ таъмин шуда, сатҳу сиафти хизматрасонӣ ба аҳолӣ беҳтар гардонида шудааст. Ба маълумоти масъулин, фаъолияти беморхонаҳои минтақавӣ ба талаботи рӯз то андоае ҷавобгӯ буда, деҳоти дурдаст ба кӯмаки аввалияи тиббӣ фаро гирифта шудаанд.

Солимии миллат бойигарии ҳар давлат маҳсуб ёфта, ба хотири ҳифзи сиҳатии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як катор қарору барномаҳои давлатӣ мавриди амал қарор дода шудаанд, ки ҳадафи аслии онҳо ба солимии ҷомеа нигаронида шудаанд.

Ба маълумоти сартабиби Беморхонаи марказии ноҳияи Рӯдакӣ соли гузашта дар баробари мушкилоти бемории коронавирус бо ибтикори Ҳукумати кишвар ба сохтори тиббии ин ноҳия як қатор таҷҳизоти соҳавӣ дастрас гардидаанд, ки хизматрасонии босифати тиббӣ ба аҳолиро осон намудааст.

Абдурасул Абдулмаҷидзода, сартабиби Беморхонаи марказии ноҳияи мазкур мегӯяд, фаъолияти беморхонаҳо дар ин ноҳия зери назорати ҷидии масъулин қарор дошта, аз раванди ташхису табобат ҳамарӯза натиҷагирӣ мешавад.

Мутахассисони тиб бар он боваранд, ки дар табобати саривақтии беморон ташхиси дақиқи беморӣ нақши муҳим дорад. Агар дар гузашта сокинони ноҳияи Рӯдакӣ ба хотири анҷом додани бархе аз ташхисҳо ба пойтахти кишвар сафар менамуда бошанд, имрӯз воридоти таҷҳизоти рақамӣ аз хориҷи мамлакат дар баробари ҳарчӣ маблағҳои сокинон фаъолияти табибони соҳавиро осон намудааст.

Ба гуфтаи Абдурасул Абдулмаҷидзода нисбат ба панҷ сол қабл имрӯз сокинон ба табобати босифат бештар дастрасӣ доранд. “Таъмини беморон бо доруворӣ низ дар беморхонаҳои ноҳияи Рӯдакӣ то андозае аз ҷониби муассиса иҷро гардида, тамоми шуъбаҳо тибқи тавсияи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, қутии ёрии аввалия ба беморонро созмон додаанд, ки то андозае ба доруворӣ таъмин карда шудаанд”, – гуфт Абдурасул Абдулмаҷидзода, сартабиби Беморхонаи марказии ноҳияи Рӯдакӣ.

Ба гуфтаи ӯ, бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар базаи дорувории беморхонаҳо пура карда мешаванд. Сартабиби беморхонаи марказии ноҳияи Рӯдакӣ илова кард, ки ҳифзи сиҳатии мардум дар маркази таваҷҷуҳи ҳукумати кишвар қарор дошта, сол аз сол сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳоли беҳтару хубтар гардонида мешавад. “Табибони ноҳияи Рӯдакӣ низ нуқтаҳои ба онҳо марбута будаи Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олиро сармашқи кори худ намуда, тамоми маҳорати худро бар он равона кардаанд, ки дар ҳифзи сиҳатии аҳолии ноҳия нақши арзанда гузоранд.

Тоҷиддин САТТОРОВ,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE