Сваминатан: камтар аз 10 дарсади мардуми сайёра бар зидди коронавирус антитела пайдо намудаанд

Ходими калони илмии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Сумия Сваминатан тавассути шабакаи иҷтимоии Twiter иттилоъ додааст, ки камтар аз 10 дарсади мардуми сайёра бар зидди коронавирус потан, яъне (антитела) пайдо намудаанд.

Ҳамакнун дар шаҳрҳое, ки манбаи калони сироятёбии коронавирус ба қайд гирифта шудааст, на камтар аз ними сокинонашон потан доранд.

Ба гуфтаи Сваминатан, масунияти оммавӣ танҳо ҳамон вақт ҳосил мешавад, ки эмкунӣ дар саросари ҷаҳон роҳандозӣ гардад.

Неъмати МУҲИБ,

«Садои Душанбе»

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE