Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии
Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии
Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо мақсади таҳкими Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзу густариши арзишҳои миллӣ ва таъмини рушди босуботи ҷомеа,
фармон медиҳам:
1. Ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 2031 баргузор карда шавад.
2. Ҳайати Кумитаи тадорукоти ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳои ҷашни
40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар муҳлати шаш моҳ таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод намояд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
2 октябри соли 2026
№1224
#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #ФармониПрезидент #УказПрезидента
President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

