Имрӯз дар Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе…
Имрӯз дар Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи даври сеюми — шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид.
Дар маросими ифтитоҳи озмун сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, сардори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе, муовини раиси Комиссияи даври шаҳрии озмун, намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои комиссия ва ҳайати ҳакамони даври шаҳрӣ, иштирокчиёни даври сеюми озмун, омӯзгорон ва волидони онҳо иштирок намуданд.
Маросимро сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Ҷаҳонгир Саъдизода ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷомеа, ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба китобхонӣ ва рушди ҷаҳонбинии онҳо баргузор мегардад. Ба гуфтаи ӯ, баргузории чунин озмунҳо дар заминаи таҳкими фарҳанги китобхонӣ ва рушди қобилияти зеҳниву эҷодии насли наврас аҳамияти муҳим дорад.

