9 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон…

9 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои ИДМ, ки дар минтақаи Авазаи Туркманистон баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ намуданд.

Сарвари давлати мо дар оғози сухан ба ҷониби Туркманистон барои сатҳи баланди ташкили ин нишаст ва меҳмоннавозии анъанавӣ арзи сипос намуда, дӯстони туркманро бо анҷоми бомуваффақияти раёсат дар ИДМ табрик гуфтанд ва ба талошҳои онҳо дар ин мақом баҳои баланд доданд.

Сипас, Раҳбари давлати мо ҷаласаи кунунии Шурои сарони давлатҳоро, ки дар партави 35-умин солгарди таъсисёбии ИДМ баргузор мегардад, басо рамзӣ номида, таъкид доштанд, ки роҳи тайшуда дар ин солҳо аҳаммияти Иттиҳодро ҳамчун майдони муколамаи сиёсӣ, рушди робитаҳои иқтисодиву гуманитарӣ ва вокуниши муштарак ба хатарҳо ва таҳдидҳои амниятӣ таъкид намуд.

9 октября Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон принял участие и выступил на заседании Совета глав государств СНГ, состоявшее в регионе Аваза Туркменистана.

Глава нашего государства в начале выразил признательность туркменской стороне за высокий уровень организации саммита, традиционное гостеприимство и поздравил туркменских друзей с успешным завершением председательства в СНГ, оценив их усилия в этом качестве позитивными.

Далее глава нашего государства отмечая особую символичность нынешнего заседания Совета глав государств, проходящего под знаком 35 годовщины образования СНГ, заметил, что пройденный за эти годы путь подтвердил востребованность Содружества как площадки для политического диалога, развития экономических и гуманитарных связей, а также совместного реагирования на риски и вызовы безопасности.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE