ТАСДИҚИ КОНВЕНСИЯИ СММ ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ МАЪЮБОН — ҚАДАМИ МУҲИМ ДАР САМТИ ТАШАККУЛИ ҶОМЕАИ ФАРОГИР…

ТАСДИҚИ КОНВЕНСИЯИ СММ ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ МАЪЮБОН — ҚАДАМИ МУҲИМ ДАР САМТИ ТАШАККУЛИ ҶОМЕАИ ФАРОГИР

Имрӯз дар меҳмонхонаи «Ҳаятт Реҷенси Душанбе» таҳти унвони «Тасдиқи Конвенсия дар бораи ҳуқуқи маъюбон — ташаббуси навбатии Тоҷикистон дар татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор» мизи мудаввар баргузор гардид.

Чорабинӣ бо ташаббуси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии «Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон» ташкил карда шуд.

Мизи мудаввар ба муносибати тасдиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқи маъюбон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 1 октябри соли 2026 сурат гирифт, баргузор гардид.

Ҳадафи асосии чорабинӣ баррасии вазифаҳои аввалиндараҷа ва тадбирҳои амалии зарурӣ барои татбиқи муқаррароти Конвенсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар кори он аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси намояндагон, намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои байналмилалӣ, шарикони рушд, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Дар ҷаласаи асосӣ иштирокдорон аҳамияти тасдиқи Конвенсия, имкониятҳои нави ҳифзи ҳуқуқи шахсони дорои маъюбият ва қадамҳои минбаъдаро дар самти фароҳам овардани шароити баробар, таъмини иштироки фаъоли онҳо дар ҳаёти ҷомеа ва ташаккули ҷомеаи фарогир баррасӣ карданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE