ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲИИ УСТУВОР ВА МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ…
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲИИ УСТУВОР ВА МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ
Имрӯз, 13 дар доираи ташаббуси Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои давлатӣ ва шарикони рушд Форуми байналмилалии сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ оғоз гардид.
Ҳадафи форум муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон, ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти рушди сайёҳии устувор мебошад.
Дар доираи форум баргузории конфронсҳои байналмилалӣ, симпозиумҳои илмӣ, экспедитсияҳои сайёҳӣ, фестивалҳои фарҳангӣ, намоишгоҳҳо ва дигар чорабиниҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода, Ҳисор, Норак, Хуҷанд ва ноҳияҳои Данғараву Дарвоз пешбинӣ гардидааст.
Дар меҳвари ҳамоиш масъалаҳои рушди сайёҳии таърихию этнографӣ, ҳифзи мероси фарҳангӣ, ҷалби сармоягузорӣ, кишоварзии устувор ва ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ қарор доранд.
Интизор меравад, ки баргузории форум ба муаррифии бештари захираҳои сайёҳии кишвар, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва рушди соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон мусоидат намояд.

