Муштзанҳои тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс -2026 иштирок мекунанд…
Муштзанҳои тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс -2026 иштирок мекунанд
Муштзанҳои тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс -2026 иштирок мекунанд
Рӯзҳои 14–28 октябр дар шаҳри Будваи Черногория Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни ҷавонони то 19-сола баргузор мешавад. Дар ин мусобиқа беш аз 550 варзишгар аз 75 кишвари ҷаҳон ширкат меварзанд.
Дар ин мусобиқа тими мунтахаби Тоҷикистон бо ҳайати 3 варзишгар Аҳмадшоҳ Ҳошимов (65 кг), Хоҷамуминҷон Холов (80 кг) ва Фариноз Абдуллоева (57 кг) иштирок мекунад. Дастаро мураббиҳо Асомиддин Бурҳонов ва Рустам Музафаров роҳбарӣ менамоянд.
Рақобатҳо дар Маркази варзишии Mediterranean Sports Center баргузор шуда, нахустин муҳорибаҳо рӯзи 16 октябр оғоз меёбанд. Рақобатҳои финалӣ бошанд, 27 октябр доир мегарданд. Қуръакашӣ, ҷаласаи техникӣ ва маросими ифтитоҳ 15 октябр дар Будва баргузор мешаванд.

