25 сентябр Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода…
25 сентябр Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, ки бо сафари расмӣ дар шаҳри Боку қарор дорад, бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот намуд.
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар оғози суҳбат ба Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев паёми самимӣ ва таманниёти неки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расонд.
Зимни мулоқот доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба баррасӣ шуда, ба таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, фарҳанг, сайёҳӣ ва афзоиши ҳаҷми гардиши мол миёни кишварҳо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Ба рушди муносибатҳо дар самтҳои энегргетикаву нақлиёт ва логистика афзалият дода шуд.
Ҷонибҳо аз вазъи кунунии муносибатҳои дуҷониба хуш истиқбол гирифта, барои тақвияти бештари он алоқамандии хешро баён карданд.

