20 октябр дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон…
20 октябр дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки барои иштирок дар ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо дар шаҳри Душанбе қарор доранд, мулоқот намуданд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмононро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ба кори ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо барору комёбӣ орзу намуданд.
Таъкид гардид, ки таҳаввулоти кунунии ҷаҳонӣ аҳамияти Созмони ҳамкории Шанхайро ҳамчун майдони муколамаи созанда ва ҳамкории барои ҷонибҳо судманд таъкид менамояд.
“Мо ба тақвияти минбаъдаи нақши Созмон дар таъмини сулҳу субот, рушди устувор ва фазои эътимод дар тамоми самтҳои фаъолияти он манфиатдорем”, – изҳор доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
20 октября во Дворце нации Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон встретился с главами делегаций государств-членов Шанхайской организации сотрудничества, прибывшими в Душанбе для участия в заседании Совета глав правительств государств-членов ШОС.
Глава государства уважаемый Эмомали Рахмон тепло приветствовал гостей в Таджикистане и пожелал успехов и плодотворной работы заседанию Совета глав правительств.
Было подчёркнуто, что происходящие в мире процессы подтверждают востребованность ШОС как площадки конструктивного диалога и взаимовыгодного сотрудничества.
«Мы заинтересованы в дальнейшем укреплении роли Организации в обеспечении мира и стабильности, устойчивого развития и атмосферы доверия во всей зоне её деятельности», – заявил Глава государства уважаемый Эмомали Рахмон.
#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #СҲШ #ШОС #SCO
President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

