Ҷавонони далери шаҳри Ваҳдат бо ҳисси баланди масъулият ва ифтихор аз Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд

 Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1998-2007и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ»  дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат маъракаи гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат хабар доданд.

Дар рӯзи якуми даъвати ҳарбӣ падару модарон бо ифтихор аз писарони тарбиякардаашон гурӯҳи ҷавононро  бо ҳисси баланди масъулият ва ифтихор аз ҳимояи Ватан ба иҷрои сарбаландонаи қарзи фарзандӣ дар сафи Артиши миллӣ гусел намуданд

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE