Ҳоло дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ…

Ҳоло дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупории ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» баргузор гардида истодааст.

Дар маросими мазкур Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ иштирок намуд.

Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав, дастгирии ҳунармандон, рушди санъати миллӣ ва муаррифии фарҳангу ҳунари тоҷик баргузор гардида, дар тарбияи завқи бадеӣ ва эҳсоси ватандӯстии шаҳрвандон нақши муҳим дорад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE