ДОНИСТАН ХУБ АСТ!..

#ДОНИСТАН ХУБ АСТ!
САДРИДДИН АЙНӢ

“Садриддин Сайидмуродзода Айнӣ” (15 апрели соли 1878 — 15 июли соли 1954) — нависанда, шоир, олим, адабиётшинос, академик ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик мебошад. Ӯ нахустин президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 1951–1954) буд.

Зиндагинома:Садриддин Айнӣ 15 апрели соли 1878 дар деҳаи Соктареи ноҳияи Ғиждувони аморати Бухоро (ҳоло вилояти Бухорои Ҷумҳурии Ӯзбекистон) дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Аз овони кӯдакӣ ба илму адабиёт шавқу рағбат дошт. Дар мадрасаҳои Бухоро таҳсил намуда, баъдан ба фаъолияти омӯзгорӣ, адабӣ ва илмӣ машғул гардид.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE