1 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон…
1 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд бо бардоштани парда аз руйи лавҳаи рамзӣ бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷандро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои нави кумита аз 47 ҳуҷраи корӣ, осорхона, толори ҷаласа бо 250 ҷойи нишаст, толорҳои мизи мудаввар, китобхона ва китобхонаи электронӣ иборат мебошад.
Дар осорхонаи иншоот маводҳо аз эъломияи ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ то қабули санадҳои муҳими таърихӣ, ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон, лаҳзаҳои баргузории анҷуманҳои ҳизбӣ, дастовардҳои соҳаҳои гуногун дар даврони соҳибистиқлолӣ, раванди корҳои сохтмонӣ дар неругоҳи Роғун, лаҳзаҳои гиромидошти қаҳрамонони Тоҷикистон, аксу ҳуҷҷатҳо ва ёдгориҳои дорои аҳамияти таърихию миллӣ гирд оварда шудаанд, ки ҳар кадоми онҳо бозгӯи марҳилаҳои ташаккул, дигаргуниҳои созанда ва саҳифаҳои муҳими даврони соҳибистиқлолии кишвар мебошанд.
#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Суғд #Согд #Sughd
President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

