2 ноябр зимни сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон…
2 ноябр зимни сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ 9 иншоот ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода додани иншооти гуногун дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айниро дар самти рушди инфрасохтори маҳаллӣ, густариши фаъолияти истеҳсолӣ, беҳтар намудани шароити таълиму тарбияи насли наврас муҳим арзёбӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки ин иқдомҳо барои ободонии маҳал, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои нави рушд заминаи мусоид мегузоранд.
#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Суғд #Согд #Sughd
President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

